КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Дастгоҳи марказӣ:
- Муовини сардори раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3626,15 сомонӣ;
- Сармутахассиси раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2204,00 сомонӣ;
- Сармутахассиси бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2204,00 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,00 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,00 сомонӣ;
- Сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 5099,60 сомонӣ;
- Сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2204,00 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1798,00 сомонӣ;
- Муовини сардори раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3626,15 сомонӣ;
- Сармутахассиси раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2204,00 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,00 сомонӣ;
- Сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –2099,60 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1716,80 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
— нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
— маълумотнома (справка- объективка).
Барои ишғоли мансаби сардори раёсат
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио),
Телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79 суроғаи электронӣ: info@ktr.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.