Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдони муқаддасоти миллиро ифтитоҳ намуданд

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд.

Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон дар масоҳати умумии 1000 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Тадбири мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Баландии пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр буда, дар майдон 4 тандиси китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои безаволи Шоҳнома, Тоҷикон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аксҳои Қаҳрамонҳои Тоҷикистон гузошта шудааст.

Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳияи Рӯшон ба майдони муқаддасоти миллӣ ҳусни дигар зам намуда, шаҳодати ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба гузаштагон аст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди пайкараро дар шафати Парчам ва Нишони давлатиро дар самти қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки майдони муқаддасоти миллӣ яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчунин, дар он барои истироҳату фароғати сокинон имконоти мусоид фароҳам гардидааст.

Ба масъалаи сабзазор ва гулпӯш намудани атрофи иншооти тозабунёд таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҳудуди он бо гулҳои рангоранг ва дарахтони ороишию сояафкан оро дода шудааст, ки ба ҳусни гулгашт таровати тоза зам менамояд.

Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи назди пайкараи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE