Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар айни замон дар шаш муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон 1708 нафар донишҷӯён забони олмонӣ меомӯзанд. Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 17 ҳазору 100 хонанда ба омӯзиши забони олмонӣ ҷалб гардидаанд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Гуннар Шелленберген.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои Тоҷикистон дорои аҳаммияти стратегӣ буда, заминаи муҳимми рушди низоми таҳсилот ва илмро фароҳам меорад.
Вазорати маориф ва илм пешниҳод намуд, ки робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Олмон амалӣ гардида, мубодилаи барномаҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти муштараки илмӣ байни муассисаҳо густариш ёбанд.
Курсҳои омӯзиши забони олмонӣ барои такмили малакаи омӯзгорон ташкил карда шуда, ҳамкорӣ байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва сохторҳои илмии Олмон таҳким ёбанд, намояндагии фондҳои бурсиявии олмонӣ дар назди Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шавад. Инчунин пешниҳод гардид, ки донишҷӯёне, ки забони олмониро дар сатҳи муошират аз худ намудаанд, ба барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва корҳои мавсимӣ дар Олмон ҷалб гарданд.
Зимни вохӯрӣ инчунин пешниҳод шуд, ки барои рушди захираҳои инсонӣ ва густариши заминаҳои маориф, аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Аз ҷумла, таъсиси боғча ва гимназияи хусусӣ бо забони олмонӣ, омодасозии мутахассисон дар шакли дуалӣ бо ҷалби таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо, таъсиси донишгоҳи хусусии муштарак бо риштаҳои гуногуни таҳсилот, таъсиси марказҳои забономӯзӣ дар заминаи донишгоҳҳо ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои илмҳои геологӣ, энергетика ва дигар бахшҳои муҳим амалӣ карда шаванд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон