Филми “Дар талоши ҳақиқат” дар се ҷашнвора сазовори ҷоизаҳо гардид

Маҳмадсаид Шоҳиён Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки  дар нимсолаи аввали соли 2025, дар доираи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027 ва нақшаи амали он, 16 лоиҳаи синамоӣ, аз ҷумла 6 филми ҳунарӣ, 7 филми мустанад, 1 филми тасвирӣ ва 2 филми муштарак барои наворбардорӣ тавсия дода шуданд.

Аз ҷумла, филмҳои ҳунарии “Моҳӣ барои рафиқ Черчил”, “Хоби сурх”, “Пайроҳаи хашм” ва “Моҳӣ дар шаст” пурра таҳия гардида, “Пайроҳаи хашм” ва “Моҳӣ дар шаст” дар ҳамкорӣ бо Росия ва Эрон таҳия шудаанд.

Дар жанри мустанад филмҳои “Ҳофизи Шерозӣ”, “Қалъаи Хуҷанд”, “Бобоҷон Ғафуров”, “Обшори Вахш”, “Абӯалӣ ибни Сино” ва дигарҳо таҳия гардида, дар онҳо масъалаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ инъикос ёфтаанд.

Фестивалҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Малайзия, Чин ва Ҳиндустон, саҳнаи намоиши филмҳои тоҷикӣ гардиданд. Филми “Дар талоши ҳақиқат” дар се ҷашнвора сазовори ҷоизаҳо гардид.

Аз рӯйи нақша, то охири соли 2025 ду филми ҳунарии нав, ду филми кӯтоҳ ва қисми дуюми филми тасвирии “Нахӯдак” таҳия хоҳанд шуд. Ҳамчунин наворбардории филми таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” оғоз меёбад.

Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ 4 кинотеатр дар Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ азнавсозӣ гардида, мактаби синамогарони ҷавон ба номи Муҳаббат Сатторӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Сомонаи “Тоҷикфилм” ва маҷаллаи “Кино” фаъол буда, ахбори соҳаро бо се забон ба мардум пешниҳод мекунанд.

Синамои миллӣ ҳамчун оинаи фарҳангӣ вазифадор аст, ки таърих, дастовардҳо ва ҳувияти тоҷиконро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ намояд.

Шукронаи Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE