Байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар  шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад  Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев тазаккур дод, санади мазкурро  дар як нишасти тантанавӣ директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва иҷрокунандаи вазифаи Директори  «Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия» Елена Лисенко ба имзо расониданд.

Дар доираи ин Созишнома нахустин намоиши муштарак дар аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади омодагии ин намоиш, ки бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳри Ленинград аз фашизм ва саҳми Тоҷикистон дар он баргузор мегардад, ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» дар шаҳри Санкт Петербурги Русия  қарор доранд.

Дар созишномаи мазкур масъалаҳои таҳкими равобити фарҳангӣ, табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими ашёи нодир, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодир, ташкил ва баргузор намудани намоишҳои муваққатӣ, омода намудани мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсия ва дигар самтҳои муҳимми фаъолияти осорхонавӣ пешбинӣ гардидаанд.

Имзои созишномаи мазкур имкон медиҳад, то ҳамкорӣ  дар бахшҳои гуногун байни ду осорхона тақвият ёфта, ба воситаи ташкилу баргузор намудани намоишу чорабиниҳои гуногун шаҳрвандони Тоҷикистону Русия  аз таъриху фарҳанги ҳамигар боз ҳам бештар огоҳ карда шаванд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE