Содироти маҳсулоти саноатӣ бе назардошти металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо 919,3 млн долларро ташкил намуд
Дар давраи ҳисоботӣ маҳсулоти ватанӣ ба 50 кишварҳои хориҷаи дуру наздик содирот шудааст, ки аз он панҷ давлат, аз ҷумла Нидерланд, Хитой, Туркия, Ӯзбекистон ва Росия дар ҷойи аввал қарор доранд”- дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ба маълумоти масъулин, содироти маҳсулоти ватанӣ, бедарназардошти металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки содироти онҳо хусусияти фармоишӣ дорад, 953 172,1 ҳазор долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давран соли сипаришуда 255 177,6 ҳазор доллар ё 36,6 фоиз зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти саноатӣ бе назардошти металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо 919,3 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 250,1 млн доллар ё 37,4 фоиз зиёд гардид.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе