Тилло ва биринҷӣ муваффақияти шоҳмотбозони Тоҷикистон
🇹🇯🥇🥉Тилло ва биринҷӣ — муваффақияти шоҳмотбозони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ 👏Шоҳмотбозони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ба гирифтани дастовардҳои шоиста ноил шуданд.🏅 Илҳомӣ Ҷалолиддин дар гурӯҳи синнусолии то 18-сола ғолиб омада, медали тилло ба Тоҷикистон овард, дар ҳоле ки 🥉 Сайфиев Муродалӣ дар гурӯҳи то 8-сола мақоми сеюмро соҳиб шуда, бозии боварибахш ва рӯҳияи баланди рақобатиро нишон дод.