Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 бар Лубнон бо ҳисоби калон пирӯз омад

Шоми дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе даври дуюми  мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 20-сола баргузор гардид.  Дар даври дуюм тими мунтахаби мо бо Лубнон рақобат кард. 

            Дар нимаи  аввали бозӣ футболбозони мо тавонистанд бо ду голи беҷавоб дастаи мизбонро рахна намоянд.  Голи аввалинро футболбози рақами 15-ум Меҳрубон Каримов дар дақиқаи 14 ва голи дуюмро футболбози рақами 10 Фатҳулло Олимзода дар дақиқаи 44 ба сомон расониданд.

            Дар нимаи дуюми бозӣ бошад ду нафар бозингар Мохаммад Ал-Махдӣ аз дастаи Лубнон ва Фатҳулло Олимзода аз дастаи мунтахаби мо  корти сурх гирифта майдонро тарк гуфтанд. Дар дақиқаи 85-уми бозӣ Абдулфаттоҳ Худойдодзода голи сеюм ва  дар дақиқаҳои иловагии нимаи дуюми бозӣ  голи 4-ро ин футболбоз ба сомон расонид. Ҳамин тавр бози байни дастаҳои Тоҷикистон бо Лубнон  бо ҳисоби 4 бар 0 ба нафъи дастаи мо ба анҷом расид.

            Бояд ёдовар шавем ки дастаи Тоҷикистон дар гурухи i қарор дошта бо дастаҳои   Лубнон ва Сингапур рақобат намуд. Бозии навбатии Тоҷикистон  санаи 18 сентябр бо дастаи Камбоҷа доир хоҳад гашт.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE