Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми байналмилалии вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст иштирок намуд

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси​ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Ғоибназарзода дар Форуми байналмилалии вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст иштирок намуда, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд сухан гуфт. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Форум бо ташаббуси Ҷамъияти мардумии «Дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ»-и Чин 10 сентябр оғоз гардида, то 17 сентябр идома меёбад. Дар он вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди инфрасохторӣ, амнияти экологӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ табодули таҷриба менамоянд.

Саид Ғоибназарзода дар қисмати пленарӣ ва бахшҳои канории форум оид ба дастовардҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти обу иқлим, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ибрози андеша намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE