Баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»
Имрӯз, дар саросари кишвар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид.
Тибқи қарори раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ, даври сеюми озмуни мазкур то 18-уми сентябр идома ёфта, дар шаҳри Душанбе озмун дар Гимназияи рақами 4 баргузор шуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз соли 2021 бо ташаббус ва зери сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, имсол бори панҷум аст , ки роҳандозӣ мешавад.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе