Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмуни «МУРАББИИ СОЛ-2022» гардид
Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Малика Саидова (дар акс) дар озмуни «Мураббии сол-2022» сазовори ҷойи якум гардид. Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №150-и ноҳияи Сино Фирӯза Назарова сазовори мақоми дуюм, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и ноҳияи И.Сомонӣ Шоира Камолова зинаи сеюм ва мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансур Шаҳноза Шарифзода ҷойи чоруми ин озмун гардиданд. Дар ин бора ба Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Озмуни мазкур бо Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 12 то 14 декабр баргузор гардида, ғолибони он дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.