РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Имрӯз, 1 октябр, дар Рӯзи даъватшаванда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро 101 фоиз иҷро намуд. Дар ин хусус аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.
Субҳи имрӯз сокинони шаҳри Хоруғ — аз хурд то бузург ба кӯчаю хиёбони марказӣ баромада, бо баргузории роҳпаймоӣ ҷавонписарони синни даъватиро то боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ҳамроҳӣ карданд. Дар ин ҷо бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини идораву муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наваскарону волидайни онҳо ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ба ҳамаи даъватшавандагон ва волидайни онҳо барои сари вақт ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ва дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.