Суғд: Аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Томчисой, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аксия бо ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 26, 11, аҳолии ҷамоати деҳот, дар маҷмӯъ бо иштироки 100 нафар гузаронида шуда, ду тарафи сойи мазкур аз партовҳо тоза ва 3 метри мукааб партов ба партовгоҳ бароварда шуданд.
Инчунин бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва тозагии муҳити атроф дар роҳи асосии шоҳроҳи Хуҷанд- Ашт- Бобоҷон Ғафуров аксияи «Тозагии роҳ» доир гардид, ки дар он 90 нафар аҳолии ҷамоат фаъолона иштирок намуданд.
Бино ба маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зимни баргузории аксия қад-қади роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 3,5 м3 партов ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд.
Зикр шуд, ки бо ҷалби васеи кормандони ниҳодҳои мақомоти маҳаллӣ ва иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоату маҳаллаҳо аксияву шанбегиҳо доир мегарданд, ки барои тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар аксия 350 нафар хонандагони Литсейи касбӣ-политехникӣ, Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи тиббӣ иштирок намуда, канали калони байни беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи амрози чашм аз ҳама гуна партовҳои гуногун тоза карда шуданд. Гузаронидани чунин аксияҳои тозагиву ободонӣ баҳри баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар дигар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд низ мунтазам амалӣ мегардад.