ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуданд

Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Фарзандони содиқи миллатем!» маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд.

Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои пайвастан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Бояд гуфт, ки имрӯз нақшаи даъвати ҳарбии ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100 фоиз иҷро гардид, ки дар натиҷа ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якуми маъракаи даъват 100 % иҷро намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE