«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ – 2025». Дар доираи ин форум якчанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
мрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ Созишнома байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Нет Солюшенс» оид ба Лоиҳаи «Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» ба имзо расонида шуд.
Ҳамзамон Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии Лоиҳаи «Бунёди муассисаҳои ҳамгироии таълимӣ: боғчаи бачагона ва Литсей дар шаҳри Турсунзода» байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Илму адаб» ба имзо расид.
Дар доираи форум Созишнома оид ба амалишавии Лоиҳаи «Бунёди Маҷмааи варзишӣ» дар шаҳри Истаравшан байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳрак Сохтмон» ба имзо расонида шуд.
Инчунин Созишнома оид ба амалишавии Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ҷамоатҳои деҳоти Фирӯзоба, Раҷаб Ҳамробоев, Патар ва Куҳандиёри шаҳри Конибодом» байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Паризода» ба имзо расид.