ММТ: Дар даври 3-юм 1122-довталаб сазовори номи донишҷӯй гардид

Мувофиқи тартиби муқаррар намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври 3-юми аз нав ба қайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар ба анҷом расид. Дар марҳиллаи мазкур аз миёни 1167 нафар иштирокчӣ 1122 нафарашон аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон комёб гардида, номи донишҷӯйиро сазовор шуданд.

Дар даври 3-юми озмуни такрории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он довталабоне даъват гардиданд, ки дар марҳиллаи асосӣ нисбати дигар иштирокчиён холи камтарро сазовор гардида буданд.  Ба зикри масъулини маркази миллии тестӣ, натиҷаи даври асосӣ, ки санаи 25-уми июли соли равон маълум гардида буд, аз рӯйи 5-кластер ҳамагӣ 57-ҳазору 988-нафар комёб шуданд.

Абдулвосит Шодиниё Муовини аввали директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки он довталабоне, ки дар даври такрорӣ соҳиби номи донишҷӯйӣ шуданд, дар вақти муайяншуда, ҳуҷҷатҳои худро ба муассисаи дахлдор супоранд. Ба зикри ӯ марҳиллаи 3-юми озмуни Маркази миллии тестӣ аз санаи 24-ум то 26-уми август идома ёфта, натиҷаи он аллакай муайян гардидааст.

Ба таъкиди масъулини ММТ чун ҳар сола дар соли равон низ интихобкунандагони кластери 5-ум, яъне равияи таббиӣ-риёзӣ бештар  буда, довталаони он аллакай дар даври дуюм тамоми ҷойҳои холӣ бударо ишғол намуда, ба муассисаҳои қабулнамудаашон роҳхат гирифтанд.

Комрони Абдувалӣ

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE