Ваҳдат: Сокинони биноҳои баландошёна дастӣ об мекашанд

Дар нимсолаи авали соли ҷорӣ ҷамъи даромади маҳалии шаҳри Ваҳдат 106 миллиону 135 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки он ба 128 дарсади нақша баробар буда, нисбат ба соли муқоисавӣ 34 миллион сомонӣ зиёд будааст. Новобаста аз ин пешравиҳо, дар қисми иҷрои даромади буҷаи маҳал, норасоии оби ошомиданӣ, ифлосии манбаъҳои обӣ, ифлосии кӯчаву маҳал, риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ аз мушкилоти рӯзмарра дар шаҳри мазкур боқӣ мемонанд.

Дар доираи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат сохтмони 612 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 454 – тои он мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ҳаҷми умумии корҳо дар ин самт 1 миллиарду 883 ҳазор сомониро ташкил додааст, – изҳор дошт Холиқзода Давлат, муовини раиси шаҳри мазкур оид ба самти кишоварзӣ зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи ин шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ.

Дар ин раванд, дар маркази ин шаҳр 7 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ мавиди истифода қарор гирифтаанд, ки ин ободкориҳо, дар баробари пешрафт, дастрасии сокинонро бо оби ошомиданӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳр мушкил гардонидааст. Сокинон мегӯянд, соатҳо, ҳатто рӯзҳо, об ба ошёнаҳои боло интиқол наёфта, обро худ дастӣ мекашонанд.

Холиқзода Давлат, ин норасоии таҷҳизоти обинтиқолдиҳандаро маънидод карда, дар посух гуфт, шабакаҳои обу корезии шаҳр аз замои собиқ Шӯравӣ боқӣ монда, то ҳол таҷдид нагардидаанд ва иқтидори партофтани обҳои ташноб ва интиқоли оби ошомиданиро тибқи афзоиш ёфтани биноҳои истиқоматию аҳолиро надоранд.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, аз ҷониби намояндагони ВАО бо масъулини бахшҳои ин шаҳр перомуни мавзӯоти рӯзамарраи ҳаёти ин шаҳр суолу ҷавоб сурат гирифт. Дар пайи табодули афкор сари вақт набаровардани партовҳо аз ҳудуди ин шаҳр, норасои китобҳои тозанашр барои наврасон дар китобхонаҳои он, таъмирталаб будани роҳҳои маҳалӣ, ифлосии бозорҳо, фаъолияти ғайриқонунии таваққуфгоҳҳои нақлиётии хатсайрҳои хизматрасонӣ ва риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ аз масъалаҳои рӯзмарраи ин шаҳр арзёбӣ гардид. Дар анҷом, масъулини МИҲД ш. Ваҳдат ҷиҳати рафъи камбудиву мушкилот намяондагони ВАО – ро ба ҳамкорӣ даъват намудаанд.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE