Пагоҳ ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор мегардад. Дар ин бобат Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иттилоъ дод.
Султон Раҳимзода афзуд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар дар соҳаҳои гуногун, хусусан иқтисоду тиҷорат беш аз пеш густариш меёбад. Қатар яке аз сармоягузороне аст, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад ва дар ин зимн таваҷҷуҳи зиёд дорад. Иштироки Вазири давлатии Қатар дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорони ин кишвари арабӣ қарор дорад.
«Бо сармоягузории Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе бузургтарин масҷид бунёд гардид, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Инчунин дар ҳамкорӣ бо Давлати Қатар дар Душанбе лоиҳаи “Диёри Қатар” татбиқ мегардад. Имрӯз фурсат даст дод, ки бо ҷониби қатарӣ Пртоколи дуҷониба оид ба ворид гардидани иловаҳо ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба татбиқи лоиҳаи “Диёри Қатар” ба имзо расонем. Ин қадами муассир дар рушди ҳамкории ду давлат арзёбӣ мегардад»,- афзуд Султон Раҳимзода.