Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир дар Алмато иштирок намуд

Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки вазирони маориф ва илми якчанд давлат, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир баргузор гардид. Дар  конгреси мазкур  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раҳим Саидзода гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими асоси ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, бахусус дар самти таҳсилоти фарогир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Имрӯз дар мамлакат дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ислоҳоте татбиқ мешавад, ки ҳадафи он таъмини дастрасии бештари кӯдакон ба таҳсил, аз ҷумла кӯдакони дорои эҳтиёҷи махсус мебошад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки  дар доираи “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030” тадбирҳои мушаххас барои густариши таҳсилоти фарогир, аз ҷумла рушди инфрасохтор, навсозии барномаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳои насли нав ва таҳкими нақши омӯзгорон пешбинӣ шуда, давра ба давра амалӣ мегарданд. Дар доираи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои амалии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти беҳтарсозии омодагии кӯдакон ба мактаб, навсозии барномаҳои томактабӣ бо назардошти ниёзҳои кӯдакони маъюб аз ақаллияти миллӣ, таҷҳизонидани муассисаҳои томактабӣ, боло бурдани савияи тахассусии кормандони соҳа, ҷалби волидон ва ҷомеа идома дорад.

Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи таҳия ва нашри китобҳо барои намояндагони ақаллияти миллӣ мавқеи пешсафро соҳиб аст, ки ин нишондиҳандаи муҳимми пешрафт дар соҳаи таҳсилоти фарогир мебошад.

Ҳамчунин  баён  гардид, ки ин ҳамоиши байналмилалӣ ба таҳкими муносибатҳои устувор дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм мусоидат намуда, дӯстӣ ва эътимод байни давлатҳоро боз ҳам мустаҳкам месозад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE