САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад

19 октябр, дар рӯзи ҷашни Иди Меҳргон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳии «Сайри Меҳргон» ташкил карда мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Хатсайри сайёҳӣ бо ҷалби намояндагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе, меҳмонону сайёҳони хориҷии ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир карда мешавад.

Зимни хатсайр роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён оид ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Меҳргон маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.

Ҷамъшавии иштирокчиён соати 08:00 дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ҳаракат соати 08:30 ба макони таҷлили ҷашн — Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар назар аст.

Ба иштирокчиёни хатсайр обҳои нӯшокӣ, шириниҳо ва таомҳои миллӣ пешниҳод мегарданд.

Ҳадаф аз ташкили хатсайри мазкур рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон арзёбӣ мегардад.

Дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон баргузории чорабиниҳои ҷолиб, аз ҷумла «Фестивали намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ», «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди тарбузу харбуза ва каду», «Иди себ ва ангур», «Фестивали оши палов», инчунин «Намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» дар назар аст.

«Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳонро дар хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва Tik Tok (dushanbe.travel), почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2231829; 917370707; 003881616 (тариқи WhatsApp) номнавис намоянд ва аз ин хатсайрҳо ройгон истифода баранд», — шарҳ доданд дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат ва имконияти сайёҳии мамлакат аҳамияти бузург дошта, метавонанд ҳамчун бренди миллӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ хизмат намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE