Сафари кории Расулзода ба Тоҷикободу Рашт
Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.
Нахуст Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Тоҷикобод бо ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ шинос шуда, ба аёдати сокиноне, ки наздикону пайвандонашон бар асари заминларза ба ҳалокат расиданд, рафт. Ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Рашт низ аз минтақаҳои зарардида боздид ба амал оварда, бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардид.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 10 июл, соати 07:14 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод заминларза рух дод. Чуқурии заминларза 10 км ва магнитудаи он 5,9 балро ташкил дод. Бино баиттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминларза дар 165 км қисмати шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 км то ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ба вуқӯъ пайваст. Қувваи ларзиши замин дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод.
Мутаассифона, бар асари заминларза хисороти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. 5 нафар сокини деҳаи Бӯстони (собиқ деҳаи Кӯли боло) ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Бӯстон, Сари чашма ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод ба манзили истиқоматии сокинон, хати барқу алоқа осеб расидааст. Дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхоби ноҳияи Рашт 7 манзили истиқоматӣ ва деҳаи Шархо ва Сари шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи мазкур 12 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд.
Худи ҳамон рӯз бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат комиссияи салоҳиятдор таъсис дода шуда, барои омӯзиши вазъият, муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартараф кардани зарари расонидашуда аъзои комиссия ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд. Оилаҳои зарардида бо ҷойи зисти муваққатӣ, кумаки аввалияи тиббӣ ва хӯроки гарм таъмин гардиданд.