Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид

Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» аз ҷониби «Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ» эътироф гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сӯзанидӯзӣ аст, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша давондааст.

«Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ» (World Crafts Council) бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, барои рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ фаъолият мекунад. Созмони мазкур шаҳрҳоеро, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, тавассути унвони «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ» эътироф менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE