Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.
Муассисаи навбунёд барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 4 синфхонаи ибтидоӣ, 5 синфхонаи фаннӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи умумии таълимӣ, ҳуҷраи кории омӯзгорон ва китобхона мебошад, ки дар онҳо имконоти ҳозиразамон ва лавозимоту аёнияти таълимӣ муҳайё гардидааст.
Дар китобхонаи муассиса беш аз 1500 адабиёти илмию бадеӣ маҳфуз аст ва хонандагон бо китобҳои дарсии нав таъмин гардидаанд.
Иштироки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ назаррас буда, соли 2024 як хонандаи он дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ бо назардошти осон намудани мушкили хонандагон, ки қаблан барои таҳсил тақрибан 2 километр роҳро аз мавзеъҳои душворгузар тай менамуданд ва дар фасли зимистон дучори мушкилӣ мегардиданд, бунёд ёфтааст. Сохтмони бинои мактаб соли 2024 оғоз гардида, он бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талабот пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд.
Ҷиҳати тақвияти ҷаҳонбинии хонандагон ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаи таълимӣ синфхонаи забонҳои хориҷӣ омода шуда, омӯзгорони соҳибкасб ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар синфхонаҳои таълими меҳнат низ бо мақсади сайқал додани малакаи хонандагон дастгоҳ ва асбобу анҷоми лозима харидорӣ ва насб шудааст. Аз ҷумла синфхонаи таълими меҳнат барои духтарон бо 8 дастгоҳи дӯзандагӣ таъмин гардида, дар доираи маҳфили дохилимуассисавии “Дастони моҳир” ба духтарон ҳунарҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ ва пазандагӣ омӯзонида мешавад. Ҳамчунин дар синфхонаи таълими меҳнат барои писарон дастгоҳҳои пармакунии чубу оҳан, суфтакунии тахта, челонгарӣ, арраи барқӣ ва олоти кандакорӣ дастрас карда шудааст, ки ба раванди касбомӯзии хонандон таъсири мусбат мерасонад.
Дар иншооти навбунёд системаи ягонаи гармидиҳӣ мавҷуд буда, дар фасли зимистон синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои кории муассиса бо гармӣ таъмин карда мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин ва омӯзгорони муассиса дастур доданд, ки истифодаи самараноки шароиту имконоти муҳайёшударо ба манфиати кор ба роҳ монда, дар тақвияти донишу малакаи хонандагон, тарбияи ин қишри ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, омода намудани онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар маҳал таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона созанд.
Атрофи муассисаи мазкур бо гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишию ҳамешасабз оро дода шуда, дар идомаи тадбирҳои ободонӣ роҳи муассиса то роҳи асосии деҳа мумфарш гардидааст.

