Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Парандаи Пушингро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи мазкур бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шудааст. Барои парвариш ва нигоҳдории мурғ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, иқтидори умумии паррандапарварӣ 40 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона иброз доштанд, ки таъсиси чунин корхонаҳои парандапарварӣ барои баланд бардоштани сатҳи таъминот бо маҳсулоти ватанӣ аҳамияти калон дорад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати истеҳсоли худӣ таъмин шуда, ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ муҳайё гардад.
Масоҳати умумии корхонаи Парандаи Пушинг 23 ҳазору 695 метри мураъббаро ташкил дода, дар он фермаҳои парандапарварӣ, қитъаҳои махсуси нигоҳдорӣ ва коргоҳи хӯроки омехта мавҷуданд. Ҳоло дар фабрикаи истеҳсоли хӯроки паранда асбобу таҷҳизоти муосир насб гардида, истеҳсоли он мутобиқи талаботи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар корхонаи Парандаи Пушинг 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занони хонашин, бо кори доимӣ ва музди хуб таъмин шудаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар паҳлуи корхона 165 панели офтобӣ насб гардидааст, ки ҳар рӯз 380 кВт/с неруи барқ истеҳсол мекунад. Аз ин ҳаҷм, корхона тақрибан 115 кВт/с неруи барқро барои таъмини фаъолияти худ истифода мебарад, боқимонда метавонад барои ниёзҳои дигар ё захираҳо равона гардад.
Ҳамчунин, дар ҳудуди комплекси агросаноатии мазкур ниҳолҳои сабзу зебо шинонида шуда, барои сабзиши муҳити зист ва ҳусни атроф шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки барои баланд бардоштани фоиданокии кор шумораи коргоҳҳои парвариши паранда афзун карда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба масъулин дастур доданд, ки аз масоҳати он на танҳо барои парвариши гулҳои мавсимӣ, балки дигар зироатҳои кишоварзӣ низ самаранок истифода баранд.

