Иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд  ба 94 фоиз расонида шуд

Пахтакорони ноҳияи Спитамен соли равон бо истифода аз тухмии серҳосил ва риояи талаботи агротехникӣ ба гирифтани ҳосили фаровони пахта ноил шудаанд. Тибқи маълумоти оморӣ ноҳия дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд аз рӯи ҷамъоварии ҳосил ва иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.Дар ин бора Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев ва Сарбанд нақшаи пахтасупорӣ аллакай барзиёд иҷро гардидааст. Ба иттилои масъулин дар маъракаи ҷамъоварии ҳосил сокинони касбу кори гуногун, аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолони маҳал фаъолона иштирок доранд. Ҳамин сарҷамъиву муттаҳидӣ боис гардид, ки то имрӯз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар ноҳия ба 94 фоиз расонида шавад.

Бо истифода аз ҳосили имсолаи пахта корхонаҳои коркарди ноҳия фаъолияти босамар доранд.

Акс: Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE