Дар Шуғнон то охири сол неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои насби панелҳои офтобӣ дар доираи лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 3 мегаватт (0,5 МВт иқтидори системаҳои нигоҳдории энергия (батарея)) оғоз ёфтанд. Дар ин хусус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Татбиқи лоиҳа ба тавсеаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини устувории таъминоти неруи барқ дар минтақа мусоидат менамояд.
Неругоҳ дар баландии 2 ҳазору 660 метр аз сатҳи баҳр бунёд карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои муосир анҷом дода мешаванд.
Дар айни замон 40 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар назар аст, ки неругоҳ то охири соли равон ба истифода дода шавад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

