Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав аз хоҷагии деҳқонии «Кишоварз» ва Пойгоҳи обкашии «Қаратоғи Нав-1» дидан намуд
1 апрел муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шиносоӣ бо нашъунамо, сабзиш ва ҳолати кунунии боғоту растаниҳо аз ноҳияи Шаҳринав боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Муовини Сарвазири мамлакат нахуст аз хоҷагии деҳқонии «Кишоварз» дидан карда, ба масъулин ҷиҳати нигоҳубин ва парвариши беҳтари боғот дастуру тавсияҳои судманд дод.
Ҳамзамон таъкид намуд, ки истифодаи самаранокии замини байни токзор таъмин карда шуда, кишти сабзавоти полезӣ ва дигар намуди зироати техникӣ ба роҳ монда шавад.
Сулаймон Зиёзода ҳамзамон аз фаъолияти Пойгоҳи обкашии «Қаратоғи Нав-1» дидан намуд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҳолати омодагии системаҳои обёрикунӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ барои таъмини оби полезӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ бояд пурра омода карда шавад.