Иди Меҳргон дар Хоруғ ботантана таҷлил карда шуд
Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –шаҳри Хоруғ Иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Дар доираи таҷлили Иди Меҳргон, дастовардҳои кишоварзони вилоят ва маҳсули ҳунарҳои дастии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш гузошта шуданд.
Иброз гардид, ки сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун дигар сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон, Меҳргонро, ки яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёитабор мебошад, бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Таъкид шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иди Меҳргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ — Садаю Наврӯз ва Тиргон эҳё гардида, таҷлили он бо риояи расму оинҳои аҷдодӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромад.
«Дар замони Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои муҳим андешида, барои деҳқонону кишоварзон тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шуданд. Инчуин барои васеъ намудани заминҳои кишт, боғу токзор, рушди соҳаҳои занбури асалпарварӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида шуда, сол аз сол деҳқонон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида, маҳсулоти ватаниро на танҳо дар бозорҳои дохилӣ, балки ба хориҷи кишвар низ содирот менамоянд»,- гуфта шуд дар ҷашн.
Таъкид гардид, ки Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва дорои беҳтарин арзишҳои умумибашарӣ ва тарбиявӣ мебошад.
Инчунин дар доираи таҷлили Меҳргон, як зумра кишоварзони вилоят ва намояндагону кормандони мақомоти шаҳри Хоруғ бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» сарфароз гардиданд. Ҳамзамон аҳли санъат ва ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро пешкаши меҳмонон ва сокинони шаҳри Хоруғ гардониданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

