Оғози Конфронси миллии бисёрҷониба

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси миллии бисёрҷониба: Сиёсат, тиҷорат, илм ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: таҳкими ҳамкорӣ барои маблағгузории устувор ва ҳифзи гуногунии биологӣ ба кори худ оғоз бахшид.


Конфронсро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Исфандиёр Шукурзода оғоз бахшида таъкид дошт, ки мутаассифона кишвари мо ҳамчун минтақаи осебпазир ба ҳолатҳои тағирёбии иқлим дониста мешавад.Тибқи оморҳо ҳамасола 80 дар сади офатҳои табиӣ дар сарзамини мо ба қайд гирифта мешавад, ки таъсири манфии худро ба олами набототу ҳайвоноти табиати мо мегузоранд.
Дар идомаи конфронс инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Латифзода Рустам Барот ба сухан баромада доир ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии ба соҳаи гуногунии биологӣ рабтдошта маълумот дод.


Дар кори ин ҳамоиш дар баробари намояндагони воломақоми ҳукумат ва парлумони кишвар, инчунин масъулони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доранд.

Дилбар Исматова
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE