Шукӯҳи футболи тоҷик дар Арабистони Саудӣ

Шаби 24-уми апрел дар таърихи футболи тоҷик ва қораи Осиё ҷаҳони футбол рӯйдоди таърихӣ буд. Чемпиони Тоҷикистон дастаи Истиқлоли Душанбе ҳарчанд бори аввал дар таърихи футболи тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Осиё ширкат намуда истодааст, аммо ҳангомаи имшабаи шербачаҳои тоҷик бо ҳисоби 4:1 шикаст додани се карат ҷоизадори Лигаи чемпионҳои Осиё Ал Ҳилоли Арабистони Саудӣ воқеан руйдоди таърихӣ ва саҳифаҳои навро дар футболи тоҷик боз намуд.

Чун маротибаи аввал дар ин марҳила ширкат варзидани дастаи Истиқлол дар бозиҳои аввал ҳамчун имтиҳонро мемонд. Аммо бо гузашти вақт футболбозони Истиқлол муқобили легионерҳои маъруфу машҳури Аврупову Африқо ва Осиё муқобилияти арзанда нишон доданд. Бе ин ҳам сармураббии дастаи Ал Ҳилол мутахассиси бразилӣ буду таҷрибаи хуби футболро дар худ дошт. Аммо ба хотири пирӯзӣ ба майдон баромадани дастаи Истиқлол дигар ҳеҷ баҳона садди роҳи ғалаба нашуд. Бафетимби Гомиси машҳуру маъруф ҳарчанд дар нимаи аввал дар дақиқаи 24-ум ҳисобро кушода дастаашро ба пеш баровард, аммо ҳамлаҳои воқеан хатрнок ва пайдарҳами футболбозони тоҷик арабҳоро водор сохт то 4-голро ба дарвозаашон сар диҳанд. Ду Манучеҳрҳои бомаҳорат яке Ҷалилов дигаре Сафаров голҳое ба самар расониданд, ки дигар сармураббии бразиливу арабҳои чемпионшуда бо ин ҳангомаи шербачаҳои тоҷик лол монда буданд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 39-ум бо як ҳамлаи нишонраси ҳамдастагонаш ҳисобро баробар кард. Дере нагузашта Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 44-ум ҳисобро 2:1 намуд. Аммо пас аз танаффус Манучеҳр Сафаров дар дақиқаи 49-ум ин ҷазоббиятро идома дода бо як партофти ҳайратовараш дарвозабони арабро қоил карду ӯро маҷбур сохт то тӯбро аз дохили дарвозааш гирад.

Як ҳамлаи нишонраси дигари шербачаҳои тоҷик дар дақиқаи 52-ум кор доду Манучеҳр Сафаров аз партофти Рустам Соирови номдору пурқудрат бо як зарбаи ҷонкоҳаш дубли дуюм ва голи 4-уми дастаашро ба самар расонида майдони арабро ба ҷашнгоҳи футболи тоҷик табдил дод. Ҳамакнун ду дидори дигар барои шогирдони Виталий Левченко дар пеш аст, ки умедворем бо ҳамин гуна ҳангомаи таърихӣ пушти сар хоҳад шуд. Барои кулли мухлисони футболи тоҷик ин ғалабаи таърихиро муборакбод мегӯем. Аҳсану офарин ба ҳама ҳайати футболбозону мураббиён ва дарвозабони дастаи Истиқлоли Душанбе!

Шодонҷон СУЛТОНОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE