Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Нашри панҷуми китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони тоҷикӣ дар таҳрири нав бо теъдоди 60 ҳазор нусха аз чоп баромад. Дар ин хусус аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Муаллифони китоб академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳкам Маҳмудзода ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмад Раҳимизода мебошанд.
Мундариҷаи китоб аз муқаддима ва 13 боб иборат буда, фарогири кулли масоили назариявӣ ва амалии давлат ва ҳуқуқ мебошад.

