Хонандагони тоҷик сазовори  2 медали тилло, 1 медали нуқра, 2 медали ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Аз 11 то 22 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025) баргузор гардид.

Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 1600 нафар хонанда аз 13 кишвари осиёӣ иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро санҷиданд. Дар миёни чунин рақобати шадиди байналмилалӣ дастаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо натиҷаҳои назаррас баромад карда, обрӯйи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони Литсей дар умум 5 нафар иштирок намуда, сазовори 3 ҷой гардиданд, ки аз ин шумора 2 медали тилло, 1 медали нуқра, 2 медали ҷойи ифтихорӣ мебошад. Ин ҳама бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбати истеъдодҳои наврас ва татбиқи сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE