Дар Тоҷикистон натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2022 эълон гардиданд

Имрӯз, 20 июл натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 эълон карда шуданд. Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои ИМД муваффақ гардидаву ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд, 25 июл донишҷӯ гардидан ё нагардидани онҳо муайян карда мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А ва (ё) қисми Б ё АБ-9 соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок кардан дар тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ин қисм(ҳо)-ро талаб мекунанд, надоранд.Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисми дахлдор – А ё Б, қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2, инчунин роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст. Маълумоти муфассалро аз сомонаи Марказ дастрас кардан мумкин аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE