Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Италия ҳамкориро густариш медиҳад

27 октябр дар мулоқоти роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Ҷумҳурии Италия таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози нишасти вазирон дар қолаби «Осиёи Марказӣ ва Италия 5+1» Федерико Фаилла тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои маориф, илм, идоракунии давлатӣ ва рушди устувор баррасӣ шуд.

Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ  дар самтҳои таҳияи барномаҳои муштараки магистратура, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар донишгоҳҳои Италия, таҳқиқоти илмӣ, машғулиятҳои такмили ихтисос ва баргузории ҳамоишҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳайати  Италия ба иқтидори илмӣ, инфрасохтори муосир ва барномаҳои инноватсионии академия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки ҳамкорӣ бо ин муассисаи пешқадами давлатӣ метавонад ба рушди шарикии Италия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маориф мусоидат намояд.

Дар рафти суҳбат мусоҳибон пешниҳоди таъсиси барномаи магистрии минтақавӣ барои хизматчиёни давлатӣ бо дастгирии шарикони италиявӣ ва имкони таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳҳои Италия (дар чаҳорчӯбаи Эрасмус+)-ро муҳокима намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE