Дурнамои рушди ҳамкориҳои шуғли аҳолӣ дар мулоқоти Ширин Амонзода бо Муралидхаран
20 майи соли 2022 дар ҳошияи якумин Форуми байналимлаии бознигарии масъалаи муҳоҷират, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон В. Муралидхаран мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот дурнамои рушди ҳамкории тарафайн дар самти шуғли аҳолӣ ва таҳияи барномаҳои марбута вобаста ба такмили сатҳи касбият мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин ҷонибҳо вобаста ба табодули таҷрибаи пешрафта дар самти рақамикунонӣ ва рушди бозори меҳнат ҳавасмандии худро зоҳир намудан.