Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат»  арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва оммаи мардум иштирок менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE