Муколамаи стратегии Тоҷикистону Чин дар Душанбе баргузор гардид

22 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Муколамаи стратегӣ дар сатҳивазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҶумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Зимни гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва дӯстии анъанавӣ сурат гирифтанд, вазирон аҳаммияти татбиқи саривақтии тавофуқоти бадастомадаи роҳбарони ду кишвар дар солҳои 2024–2025, инчунин санадҳои дуҷонибаи ба имзо расида дар натиҷаи ин мулоқотҳои сатҳи олӣ таъкид намуданд.

Инчунин сатҳи баланди ҳамкорҳои ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар дар самтҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид гардид..

Ҷонибҳо ҳамчунин ба рушду тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи судманд дар тамоми соҳаҳои авлавиятнок, аз ҷумла тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, соҳаи аграрӣ, иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электронӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ, экология ва иқтисоди сабз, амният ва дигар самтҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Дар доираи Муколамаи стратегӣ роҳҳои рушди баъдӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом вазирони корҳои хориҷӣ Изҳороти муштараки нишасти нахустини Муколамаро ба имзо расониданд.

Механизми Муколамаи Стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар асоси мувофиқаҳои бадастомада байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин ва Ёддошти тафоҳуми байни вазоратoҳи корҳои хориҷии ду кишвар оид ба таъсиси механизми ҳамкориҳои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, ки моҳи июни соли 2025 ба имзо расида буд, таъсис гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE