Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Қатар иштирок намуд

Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса Убайдулло Асрорзода дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (QTM — 2025), ки аз 24 то 27 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мегузарад, иштирок доранд.

Зимни тамошои гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар чорабинии рӯнамои зарфият ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (QTM — 2025) иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳ вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ширкатҳои маъруфи самти сайёҳӣ ва меҳмондории ҷаҳонӣ доир гардид.
@sadoidushanbe_tj

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE