Мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Афғонистон
4 май дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Закӣ Карагёл баргузор гардид.
Дар мулоқот ба Сафири Туркия дар бораи ҳодисаҳои ахир ва вазъи кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот дода шуд. Дар ин росто таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллу фасл кунад.
М.Карагёл бо ишора ба муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия таъкид кард, ки ҷониби туркӣ аз идома ёфтани музокирот байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ҳалли мусолиматомези ихтилофи марзӣ байни ду кишвари ҳамҷавор ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст ба Тоҷикистон ва осебдидагони низои мусаллаҳона кумаки зарурӣ расонад.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар намуданд.