Дар шаҳри Хоруғ Ситоди назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид
Субҳи рӯзи 21 феврали соли 2023 дар доираи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳайати гурӯҳи корӣ, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят сафарбар гардидаанд, аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, роҳбарони як қатори идораву муассисаҳои масъули вилоятӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ёдоварӣ аз фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ изҳор намуд, ки мутаассифона, дар ин офати табиӣ нафарони зиёде ҷони худро аз даст доданд, ки ҷуброннопазир аст ва аксарияти онҳоро сокинони қирғизтабори ноҳияи Мурғоб, ки муваққатан дар шаҳри Хоруғ истиқомат мекарданд, ташкил медиҳанд.
Сокини ноҳияи Мурғоб Майрамбек Тойчиев аз номи сокинони ноҳия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷӯҳ ва дастгирии бевосита изҳори миннатдорӣ баён кард. Зикр намуд, ки аз лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ ғамхории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зарардидагон бараъло эҳсос гардид. Мо худро танҳо ҳис накардем ва маҳз дастгирии Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вилояту шаҳри Хоруғ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарбозони қаторӣ, сокинони маҳаллӣ буд, ки ҷасадҳои фавтидагон сари вақт дарёфт гардиданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар, шахсан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаҳои шахсони фавтидаро зери таваҷҷӯҳи хос қарор додаанд ва онҳо аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мешаванд.
Сипас, ахбороти раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар вилоя, раиси КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Рустам шунида шуд. Қайд гардид, ки аз санаи 13.02.2023 ҳаво дар ВМКБ якбора ноустувор гардида, боришот ба қайд гиифта шуд. Аз лаҳзаҳои аввали боришот Ситоди назди раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят-раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардида, барои ба ҷойҳои бехавф кӯчондани оилаҳои зери хатар қарордошта, маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар чунин мавзеъҳо дастури қатъӣ дода шуд
Мутаассифона, сарфи назар аз ҳамаи чораҷӯиҳои сохторҳои масъул на ҳамаи сокинон қоидаҳои бехатариро риоя намуданд ва оқибати он бо фоҷиаи фавти 18 нафар дар ҳудуди вилоят анҷом ёфт.
Хушбахтона, аз ҷониби тамоми сохторҳои дахлдори маҳаллӣ дар самти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои фаврии амалӣ роҳандозӣ гардида, натиҷаи назаррас доданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дастур дода шуд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин лоиҳаро барои барқарор намудани хонаҳои зарардида омода ва барои мувофиқа пешниҳод намоянд.
Ба иттилои муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода дар натиҷаи офатҳои табиӣ тибқи ҳисоботи пешакӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии вилоят ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ зарар расида, сарфи назар аз он, ки садамаҳо сари вақт бартараф ва сокинони вилоят бо нерӯи барқ таъмин гардиданд, такроран сар задани офатҳои табиӣ дар баъзе қисматҳои алоҳидаи вилоят боз норасогӣ ба назар мерасад ва дар давоми рӯз бартарафкунии он идома хоҳад ёфт.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ташкилии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъкид намуд, ки пеш аз ҳама сокинонеро, ки дар хонаи хешу табор ҷойгир шудаанд, ба ҷойи алоҳида кӯчонида, барои барқарор намудани хонаҳое, ки қисман вайрон шудаанд, тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
Ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки тибқи эҳтиёҷот барои Вазорати нақлиёт 10 тонна ва ноҳияҳои вилоят 5 тоннагӣ сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шавад, зеро дар ҳолати кушода нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди вилоят яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон ба ҳисоб меравад. Таъкид шуд, ки маҳкам будани роҳ ба баландшавии нарху наво боис мегардад.
Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастур дода шуд, ки ки ҷиҳати шаффоф тақсим намудани кӯмакҳое, ки аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонаводаҳои зарардида дастрас карда мешаванд, гурӯҳи корӣ дар ҳайати сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, ин тақсимот ҷиддӣ назорат карда шавад.
Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки маҳз дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои зарардида ва иҷрои саривақтии ин дастурҳо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти қудратӣ ин оилаҳоро ба ояндаи нек дилгарм намуд ва зимни сӯҳбату вохӯриҳо аз ҷониби онҳо изҳори сипосу қаноатмандӣ иброз шуд.
Бари арафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар вилоят идома дорад.