Кишоварзони вилояти Суғд беш аз 90 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд

То 25 ноябр дар вилояти Суғд 118 ҳазору 223,2 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки беш аз 90 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии пахта нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 қариб 40 ҳазор тонна зиёд мебошад.

То имрӯз кишоварзони ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намудаанд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҳавасмандгардонии кишоварзон ба масъулини ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров мошини сабукрав тақдим гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Истифодаи усулҳои нави инноватсионӣ, тухмиҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ имкон дод, ки пахтакорони вилояти Суғд соли равон дастовардҳои худро афзоиш диҳанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE