Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 60 тухмипошаки нав ба кишти пунбадона ҷалб мешавад

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни омодагии кишоварзон ба корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуд. Дар ин мавсим дар зиёда аз 8 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, 60 тухмипошаки нав ба кишт ҷалб мешавад.

Барфи рӯзҳои охир ҳазорҳо гектар замини шудгоршуда ва боғотро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо намии зарурӣ таъмин менамояд, ки ин ба фоидаи кори деҳқонон мебошад. Иброз гардид, ки солҳои охир маҳз аз ҳисоби рушди иқтисодиёт кишоварзон имкон пайдо намуданд, ки техникаҳои амалашон гуногуни кишоварзӣ харид намоянд.

Раиси вилояти Хатлон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, оид ба бандубасти тухмипошакҳо, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо ва сихмолаву алафдаравакҳо маслиҳатҳои муфид дод. Таъкид гардид, ки заҳматкашони вилоят бояд аз имконот ва шароити мавҷудбуда истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE