Дуюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон-2025

Айни ҳол дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд “Дуюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон-2025” баргузор гардидаистодааст, ки ин фестивал соати 09:00 оғоз гардида то соати 17:00 идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки ин фестивал санаи 14 апрел аз “Маркази ЭКСПО-Душанбе” оғоз гардида, то 15 апрел идома ёфт.
Ҳамзамон аз санаи 16 апрел дар “Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар” ва 18 апрел дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифта, имрӯз ба кори фестивал анҷом мебахшанд.

Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE