Китоби «Ҳадафҳои созандаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид

Китоби «Ҳадафҳои созандаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Хайрулло Сабурӣ таҳия гардидааст, ба нашр расид.

Тавре Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, дар китоб муҳтавои асосии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (солҳои 2015–2025) ба тариқи саволу ҷавоб шарҳу тавзеҳ ёфтааст.

Ба таъкиди муқарризон, китоб дар муаррифии муваффақонаи сиёсати давлат ва таҳлили равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва стратегияи миллии ҷумҳурӣ нақши барҷаста дорад. Ҳамзамон истифодаи маводи он дар раванди таълим, тарбия ва таҳқиқоти илмӣ муассир аст.

Дар китоб бардоштҳои муҳими паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 2000 то 2025 дар шакли ҷадвал ҷамъбаст гардидаанд. Инчунин рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ, ки дар заминаи паёмҳо таҳия ва қабул карда шудаанд, инъикос ёфтаанд.

Китоби «Ҳадафҳои созандаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун дастурамали муҳими роҳнамо барои муҳаққиқон, таҳлилгарон, устодон, донишҷӯён, таблиғгарон ва кулли ҷомеа пешбинӣ шудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE