Дар Корея чорабинии тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардид
28 сентябри соли 2024 дар шаҳри Сеул чорабинии тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинӣ сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони мақомоти давлатии Корея, ВАО-и кишвари иқомат ва донишҷӯёну ҳамватанон иштирок намуданд.
Дар чорчӯби он Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Корея ва муаррифии китоби “Олами гулдӯзии тоҷикон”, ки бо ибтикори Сафорат ба чоп расид, доир шуд.
Дар кори Форум донишҷӯёни фаъол оид ба ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бо маъруза баромад карданд.