Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад

Бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷониба дар заминаи омодасозии дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ, ки охири соли 2026 дар Ҷопон баргузор мегарданд, Президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Манучеҳр Каримзода дар Ҷопон бо Президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Ҷопон Такамаса Ватанабе вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо масъалаҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон, табодули таҷриба ва истифодаи инфрасохтори варзишии Ҷопонро барои омодагии дастаи тоҷик мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни вохӯрӣ мувофиқа гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ мураббиён ва варзишгарони тоҷик ба ҷамъомадҳои таълимӣ ва варзишӣ дар Ҷопон ҷалб карда мешаванд. Ин иқдом ба омодагии босифат ва рақобатпазири дастаи миллӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин Такамаса Ватанабе барои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2026 изҳори омодагӣ намуд. Ин сафар метавонад марҳилаи нави ҳамкории амалӣ дар остонаи Бозиҳои Осиёӣ гардида, ба таҳкими робитаҳои варзишии ду давлат мусоидат намояд.

Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон ин вохӯриро қадами муҳим дар роҳи омодагии ҳамаҷонибаи дастаи миллӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёии 2026, инчунин рушди устувори ҷиу-ҷитсу дар мамлакат арзёбӣ менамояд.

АКС: Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE