«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад

Дар даҳаи сеюми моҳи март дар доираи таҷлили чорабиниҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

Дар доираи фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ойинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имконияти хизматрасонии сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷашни Наврӯз бо хусусияти хоси худ яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.

Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» соли ҳаштум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE