Мулоқоти Киром Салоҳиддин бо мудири кулли Корпоратсияи захираҳои оби Корея

7 июли соли 2023 дар шаҳри Сонгсани музофоти Кёнгидо мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Киром Салоҳиддин бо мудири кулли Корпоратсияи захираҳои оби Корея (K water) Юн Сог Дэ, ки дубора ба ҳайси раиси Шӯрои оби Осиё интихоб гардидааст, доир шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни сӯҳбат раиси Шӯрои оби Осиё аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, онҳоро созанда ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамсӯҳбатон инчунин роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар соҳаи обу иқлим табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE