Ҷаласаи гуруҳҳои парлумонии Тоҷикистону АМА
Нимаи дуюми рӯзи гузашта ҷаласаи якуми Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо реҷаи фосилавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз котиботи Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ба иттилои Маҳмадато Султонов котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар, дар ҷаласа ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи вакилони парлумони Амороти Муттаҳидаи Арабро ба мавзӯи таъсиси Шӯрои соҳибкорон байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати АМА ҷалб намуд.
Изҳори умед карда шуд, ки зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Аморот ба имзо мерасад.
Бахтиёр ЗОИРИЁН,
“Садои Душанбе”