Татбиқи ҳадафи чорум– заминаи асосии гузариш ба низоми саноатӣ – аграрӣ

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ба тадриҷ ва муттассил идома меёбанд. Самтҳои афзалиятноки рушд, назири таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва амнияти озуқаворӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул дар доираи Стратегияи дарозмуддати комилан нави рушди миллӣ дар амал татбиқ шуда истодаанд.

Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии худро дар асоси принсипҳои ҳамшарикӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ татбиқ менамояд ва пайваста барои устувор гардидани муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ дар саросари кишвар ва арсаи байналмилалӣ талош дорад. Дар зарфи солҳои Истиқлоли давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 7,7 маротиба ва музди меҳнати миёнаи моҳонаи як корманд нисбат ба соли 2000-ум 74 маротиба афзоиш ёфт.

Бо шарофати пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромию ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои соҳаи саноат тадриҷан таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад. Ҷиҳати амалисозии саноатикунонии босуръати кишвар, ки алҳол ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст, аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои тоза андешида мешаванд. Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидов дар ин замина мегӯяд, ба суботи макроиқтисодӣ муваффақ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ  дар кишва коҳиш ёбад.

Мавсуф мегӯяд, бо вуҷуди таъсири манфии коронавирус дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. “Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Инчунин бо таъсиси корхонаҳои нав, барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда ва ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ афзуд. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт. Соли 2020 ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид”, – мегӯяд Фозил Обидов.

Узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Гиёзода Азиз мегӯяд, имрӯз ҳадафи кунунии давлат ва Ҳукумати кишвар гузариш аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрии иқтисодиёт мебошад, зеро устувории мавқеи саноат, пеш аз ҳама, барои таъмини истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла зиёд кардани шумораи ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, шароити мусоид фароҳам меоварад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳадафҳои муайяннамудаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 муайян гардидааст, ки саҳми соҳаи саноат дар ММД зиёд гардида, сохтори содирот аз ашёи хом ба содироти молу маҳсулот табдил ёфт.

Феълан, таҳлили 5 соли татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки барои гузаштан аз модели аграрию индустралӣ ба индустралию аграрӣ заминаи воқеӣ ва устувор фароҳам оварда мешавад. Татбиқи Барнома имкон дод, ки рушди ҳиссаи саноат хеле назаррас  мебошад. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати мамлакат барои муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузург роҳандозӣ намуд.

Мавсуф мегӯяд, мо тавонистем комилан бо нерӯи барқ таъмин гардем, дигар аҳолии мамлакат аз маҳдудияти мавсимии неруи барқ танқисӣ намекашанд. Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ сол то сол соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ рушд ёфта, дар ин давра бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши энергетика амалӣ гардида, ба ин самт равона  шудаанд. Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика дар доираи ин ҳадафҳо солҳои охир дар кишварамон бо ёрию дастгирии сармоягузорони хориҷиву ватанӣ иншооти бузурги гидроэнергетикӣ — НБО «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», марказҳои барқи гармидиҳӣ, НБО-ҳои хурд, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор ба истифода дода шудаанд.

Татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» аз ҳамин қабил аст. Сохтмони НБО «Роғун», ки бо  талошҳои Пешвои миллат бо суръати баланд идома дорад, истиқлоли энергетикии кишварро муқтадир гардонида, боиси бунёди зерсохтори зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус таъсиси ҷойҳои корӣ гардидааст.

Тавре Ғиёсиддин Маҳмадмуродзода вакили дигари Маҷлиси намояндагон мегӯяд, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба яке аз минтақаҳои транзитӣ ва кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон аст. “Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа ҶТ ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”, – гуфт Маҳмадмуродзода.

Барои раҳоӣ ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рӯ овардан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ роҳҳои мошингард сохтмону таҷдид ва барқарорсозӣ гардида, беш аз 200  пул, 6 пули дорои аҳамияти байналмилалӣ, 31 км нақб, 4258 метр долонҳои зиддитармавӣ, 173,2 км хати роҳи оҳан, 8 терминали хизматрасонии нақлиёти байналмилалии автомобилӣ, ду терминали замонавӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки якеаш боркашонӣ аст, ба истифода дода шуданд . Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Машраб иброз медорад, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҷиҳати гузариш аз содироти ашёи хом ба истеҳсолоти маҳсулоти дорои арзиши иловашуда бо коркарди амиқи он имкон дод, ки бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқа, масолеҳи сохтмонӣ, либоси бачагона ва ғайра дар сатҳи зарурӣ таъмин шуда, воридоти онҳо аз хориҷи кишвар кам гардад.

Ба андешаи ӯ, бо мақсади тақвияти рушди содирот «Барномаи рушди содирот барои давраи то соли 2015» амалӣ карда шуд. Барои ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда аз тарафи Ҳукумати кишвар «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» таҳия гардида буд, ки дар он 20 номгӯй молу маҳсулоти самтҳои ояндадори истеҳсолот интихоб шуда буданд.

Баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, афзоиши ҳаҷми содироти ғайри ашёи хом ва кам кардани молҳои истеъмолӣ ва хизматҳо дар ҳаҷми умумии воридот тадбирҳои асосӣ дар самти истеҳсолоти воридот ивазкунандаянд.

Гулбаҳор Назирӣ, иқтисодшинос, олим, доктори илмҳои иқтисод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунанда мегӯяд,таъмини шуғли пурмаҳсул дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 махсус зикр шудааст. Ба андешаи ӯ, барои гузариш ба суръати баландтари шуғл саъю талошҳо заруранд, ки ба ташаккули шумораи бештари ҷойҳои корӣ дар кишвар равона гардидаанд.

Воқеан, сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба пешниҳод ва қабули ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла масъалаи саноатикунонии босуръат ё худ индустриаликунонии мамлакат, яке аз асосҳои калидии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Зеро мо худ шоҳиди он ҳастем, ки амалигардонии се ҳадафи қабулгардида, ба раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор ба таъмини рушди иқтисодиёт, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, инчунин бунёди садҳо ҳазор гектар боғу токзор заминаи басо бузург фароҳам овард.

Ҳамин тавр, бо гузашти зиёда аз  29 соли соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати комил ва фарогири давлатӣ рушди бемайлон дошта, сифати рушд, аз ҷумла рушди бахши воқеӣ, таъмини шуғл, такмили низоми молиявӣ ва фазои сармоягузорӣ мавриди зикри хос мебошад. Дар ҳамин росто такмили муносибатҳои истеҳсолӣ, таҳкими ҳавасмандии субъектони фаъолияти иқтисодӣ ва иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои давлатӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистони мо ояндаи наздик ба давлати пешрафтаи саноатӣ ва сарзамини амалишавии орзуҳо табдил ёбад.

 

Неъмати МУҲИБ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE